Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии коммунистҳои Молдова аз ширкат дар интихобот


Вакилони фраксияи Ҳизби коммунист дар парлумони Молдова аз ширкат дар интихоби раисиҷумҳур сарпечӣ карда ва аз толор берун рафтанд. Эътилофи ҳукмрон дар парлумон сарвари Ҳизби демократ Мариан Лупуро ба мақоми раисиҷумҳур пешбарӣ кардааст. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ба эътилофи ҳумрон барои интихоби Лупу дар мақоми сарвари кишвар 8 раъй намерасад - номзад бояд аз пуштибонии 60 вакили парлумон бархурдор шавад.
Агар имрӯз ҳам парлумони Молдова ба интихоби раисиҷумҳур муваффақ нашавад, охири соли оянда интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ доир хоҳад шуд. Аз ин пеш талоши дар маснади сарвари кишвар интихоб кардани Мариан Лупу дар иҷлосияи рӯзи 10 ноябр ноком поён ёфта буд.
XS
SM
MD
LG