Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико гуфт, ки ИМА ба изофаи 30 ҳазор афсару сарбоз ҳамчунин 3 ҳазор мутахассисони низомиро низ ба Афғонистон мефиристад. Ба гуфтаи раҳбари Пентагон, дар баробари афсарону сарбозон ба Афғонистон ҳамчунин табибон, коршиносони низомӣ, майнҷӯён ва дигар мутахассисони низомӣ ҳам интиқол меёбанд.
Дирӯз дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО иттилоъ дода шуд, ки кишварҳои ҳампаймони Амрико дар мавриди интиқоли 5 ҳазор нерӯи иловагӣ ба Афғонистон тасмим гирифтаанд.
Дирӯз дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО иттилоъ дода шуд, ки кишварҳои ҳампаймони Амрико дар мавриди интиқоли 5 ҳазор нерӯи иловагӣ ба Афғонистон тасмим гирифтаанд.