Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Бан Ки Мун аз тасмими Обама


Сарони кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ стратегияи нави Амрико дар Афғонистонро, ки ахиран аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама ироа шуд, мусбат арзёбӣ мекунанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз тасмими Обама барои интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон истиқбол кард. Сарвазири Британия Гордон Браун аз кишварҳои узви НАТО даъват кард, ки талошҳои худ барои мубориза бо террорро дар пояи стратегияи пешниҳодкардаи Вошингтон ҳамоҳанг созанд. Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз изҳороти Обама истиқбол карданд ва аммо гуфтанд, ки дар мавриди интиқоли нерӯҳои иловагӣ фақат баъд аз конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон тасмим хоҳанд гирифт. Қарор аст ин конфаронс моҳи январи соли оянда дар Лондон доир шавад.
XS
SM
MD
LG