Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар шаҳри Страсбург ҳукм кардааст, ки Русия барои нақзи ҳуқуқи Раҳматулло Назаров - шаҳрванди Тоҷикистон, ба ӯ бештар аз 18 ҳазор евро ҷубронпулӣ бипардозад. Раҳматулло Назаровро мақомоти Русия бо иттиҳоми бо худ доштани маводи мухаддир соли 2004 боздошт ва баъди нигаҳдории тӯлонӣ ба се соли зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар ҳукми худ мегӯяд, Русия Раҳматулло Назаровро бе далели шайъӣ барои тақрибан як сол дар боздоштгоҳ нигаҳ доштааст, ки хилофи аҳдномаҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аст. Дигар ин ки Раҳматулло Назаровро дар зиндоне дар шароити ғайри қобили таҳҳамул нигаҳ доштаанд, ки нақзи ошкори ҳуқуқи ӯст. Вакили Назаров Михаил Овчинников дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ аз шаҳри Владимир гуфт, ки онҳо аз ҳукми додгоҳи аврупоӣ қаноатманд ҳастанд:
“Ин маблағи шоиста аст. Ба Назаров дар маҷмӯъ ҳаждаҳу ним ҳазор евро тақдим хоҳад кард. Барои ин қабил парвандаҳо ин маблағи зиёд аст. Интизори мо подоши камтар буд. Ҳама мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи ӯ, ки мо дар аризаи худ гуфта будем, пазируфта шуд, аз ин хотир мо хеле қаноатманд ҳастем”.
Раҳматулло Назарови 29-сола зодаи шаҳри Душанбе ҳоло дар озодист ва вакилаш мегӯяд, аз ҳукми додгоҳи Страсбург қаноатманд аст.