Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран аз сокинони кишвар даъват кард, ки фаъолона дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун саҳмгузорӣ кунанд. Зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи хати баландшиддати барқи «Ҷануб-Шимол» дар ноҳияи Ғончӣ, ки маркази Тоҷикистонро бо вилояти Суғд мепайвандад, оқои Раҳмон гуфт, ки ҳоло “бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои худӣ” сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома дорад. Вай гуфт, ки соли оянда аз ҳисоби буҷаи давлати Тоҷикистон барои ин тарҳ, ки тибқи ҳисобҳои ҳукумат дар ҳудуди ду то се миллиард доллари амрикоӣ баровард шудааст, 650 миллион сомонӣ (муодили тақрибан 144 миллион доллар) ихтисос дода мешавад. Вай дар ин суханронӣ бори дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар дохилу хориҷи кишвар ба дарки эҳсоси ватандӯстии худ даъват карда ба саҳмгузорӣ дар сохтмони ин тарҳи муҳим даъват кард. Вай гуфт, ки Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид изҳор кардааст, ки “ягон лоиҳаи мо бар зидди ҳамсояҳоямон нигаронида нашудааст. Баръакс, мо ҳангоми амалӣ кардани лоиҳаҳои худ манфиати онҳоро ҳатман ба инобат мегирем”, - гуфт президенти Тоҷикистон.
Оқои Раҳмон гуфт, ки “машаққату маҳдудиятҳои” мардум дар мавсими тирамоҳу зимистонҳои охир аз ноилоҷӣ буда, эътироф кард, ки барои ӯ ҳамчун раҳбари давлат ин вазъият осон набудааст. “Дар ҳоле, ки мо захираҳои нафту газ надорем ва сарвати доштаи мо танҳо манбаъҳои гидроэнергетикӣ мебошанд, дар чунин шароит роҳи ягонаи баромадан аз мушкилот ва наҷоти мардумамон бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба хотири истеҳсоли нерӯи барқ мебошад”. Ӯ аз мардум даъват кард, ки ноумед нашаванд ва бидонанд, ки роҳи дигаре вуҷуд надорад. Вай гуфт, ки тарҳи Роғун дар ниҳоят бо пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷӣ бунёд хоҳад шуд.