Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойфишории Теҳрон барои пардохти молиёт аз сӯи Ибодӣ


Вазорати умури хориҷаи Эрон интиқоди Норвегия дар робита ба мусодираи нишони тилло ва ифтихорномаи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширини Ибодиро рад кард. Сухангӯи вазорати хориҷа эълом дошт, ки мақомот ҳақ доранд аз хонум Ибодӣ пардохти молиёт аз маблағи ҷоизаро талаб кунанд. Ширин Ибодӣ ахиран эълом дошт, ки мақомот бо ҳукми додгоҳи исломии Теҳрон нишони тилло ва дигар ҷоизаҳои ӯро, ки дар як бонк маҳфуз буданд, мусодира кардаанд.
Мақомоти Норвегия, ки ҷоизаи сулҳи Нобел ба хонум Ибодӣ он ҷо супурда шуда буд, мусодираи нишони тилло ва ифтихорномаи ҷоизаро баёнгари зери фишори шадид қарор доштани озодии баён дар Эрон хондаанд. Вазири умури хориҷаи ин кишвар Ҷонс Гаҳр Стор ин ҳодисаро бесобиқа арзёбӣ кардааст, ба гуфтаи ӯ, барои нахустин бор дар 108 соли арзи вуҷуд кардани ҷоизаи Нобел нишони тиллои он бо амри додгоҳ мусодира мешавад.
XS
SM
MD
LG