Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи нав дар кони ангишти Чин


Дар вилояти Гуйчжоу, воқеъ дар ҷануби Чин, бар асари ихроҷи газ дар кони ангишт дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расида, як тани дигар беному нишон ғайб задааст. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, замони вуқӯъи ҳодиса 172 ангишткан дар дохили кон буданд ва ба 162 нафар муяссар шуд, ки бидуни осеби ҷиддӣ конро тарк намоянд.
Тақрибан як ҳафта пеш дар дигар кони ангишти воқеъ дар вилояти шимолии Хэйлунзян садамаи бузурге рух дода ва мунҷар ба ҳалокати 107 нафар шуда буд. Саноати ангишти Чин яке аз хатарбортарин дар олам маҳсуб мешавад ва ҳамасола бар асари ихроҷу таркиши газ дар конҳои кишвар ҳазорҳо нафар ба ҳалокат мерасанд.
XS
SM
MD
LG