Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳбар" аз пайроҳаи "Forbes" хоҳад рафт


Нашрияи “Факти и комментарии”, чопи Душанбе гуфтааст, дар садади нашри маҷаллаи ҷадиди мусавваре таҳти унвони “Роҳбар” аст. Муассисони маҷалла мегӯянд, “Роҳбар” намунаи тоҷикии маҷаллаи маъруфи амрикоии "Forbes" хоҳад шуд ва шумораи аввалаш шояд то Соли нав аз чоп берун шавад.
Бино ба гузориши хабаргузории “Авасто”, маҷаллаи “Роҳбар” мехоҳад нашри рейтинги “100 нафари бонуфузтарин ва сарватмандтарини Тоҷикистон”-ро низ ба роҳ гузорад.
"Forbes", қарори маълум, бо нашри чунин рейтингҳояш маъруфияти ҷаҳонӣ касб кардааст.
XS
SM
MD
LG