Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вен Ҷибао ба ҳамоиши Копенҳаген меравад


Ҳукумати Чин мегӯяд, Вен Ҷибао – нахуствазири ин кишвар, моҳи оянда дар ҳамоиши ҷаҳонӣ дар мавриди тағйири иқлим дар шаҳри Копенҳагени Дания ширкат хоҳад кард. Дар ин бора имрӯз Кин Ганг – сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин, хабар дод. Интизор меравад, ҳудуди 65 раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар ҳамоиши таҳти сарпарастии Созмони Милал дар пойтахти Дания ширкат варзанд, ки аз 7 то 18 декабр идома хоҳад кард. Онҳо мекӯшанд, тарҳи нави санадеро бирезанд, ки Аҳдномаи байналмилалии муқобила бо гармоиши курраи Замин, аҳдномаи Киоторо иваз хоҳад кард. Кохи Сафед гуфтааст, ки Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 9 декабр дар ин ҳамоиш ҳузур хоҳад дошт. Чину Амрико бузургтарин ихроҷкунандагони газҳои гӯлхонаӣ дар ҷаҳон мебошанд ва ҳаргуна пешрафт дар ҳамоиши Копенҳаген аз ҳузури ин ду кишвар вобаста аст.
XS
SM
MD
LG