Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Тито раиси ҳизби коммунист шуд


Йоско Броз, набераи раҳбари фақиди Югославияи собиқ Иосиф Броз Тито, раиси ҳизби аз нав таъсисёфтаи коммунисти Сербистон интихоб шуд. Йоско Броз гуфт, ҳизби ӯ барои эҳёи эътибор ва барқарор кардани давлатдории Сербистон мубориза хоҳад бурд.
Иосиф Броз Тито то замони фавташ дар соли 1980 тайи 35 сол раҳбари Югославияро бар дӯш дошт. Баъди фавти ӯ Югославия даргири низоъҳои қавмӣ шуд ва дар авоили солҳои 90 пош хӯрд ва ба 7 кишвари алоҳида таҷзия шуд.
XS
SM
MD
LG