Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони расмии иттиҳоми муҷримони ҳамла ба Мумбай


Дар Покистон ҳафт нафар расман дар ташкил ва ҳамдастӣ дар ҳамла ба шаҳри Мубайи Ҳиндустон муттаҳам шуданд. Ба иттилоъи намояндаи додситонии Покистон, нафаре аз онҳо, аз ҷумла, созмондиҳандаи ин ҳамла Зокир Раҳмон Лаҳвӣ гуноҳи худро ба гардан нагирифтаанд.
Бар асари ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористони Мумбай, ки моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифта буд, 174 нафар, аз ҷумла, 9 тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Яке аз мусаллаҳони ҳамлагар Муҳаммад Аҷмал Амир Қассоб боздошт гардид.
XS
SM
MD
LG