Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Душанбе таҳвил шудани як муттаҳам ба куштор


Мақомоти Русия як нафари муттаҳам ба қатли корманди милисаи Тоҷикистонро ба мақомоти Душанбе таслим кардаанд. Хабаргузории “Нижний Новгород” навишт, ки Тилавмурод Давлатов бо асноди ҷаълӣ ва бо номи сохтаи Раҳимов шаҳрвандии Русияро дарёфт карда, дар вилояти Нижний Новгород ба сар мебурд. Ин нафар ба ширкат дар як ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи кормандони милиса, ки мунҷар ба ҷароҳат бардоштани ду афсар ва ҳалокати якеи дигар шудааст, муттаҳам мешавад. Ин ҳамла соли 1998 дар рустои Қизил-Байрақи ноҳияи Шаҳринав сурат гирифта, Давлатов баъдан бо асноди ҷаълӣ ба Русия фирор кардааст.
XS
SM
MD
LG