Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар Женева бо айби фарзандони амалдорони рус


Полиси Швейсария сабабҳои садамаи нақлиётӣ бо ширкати фарзандони мақомдорони олирутбаи Русияро тафтиш мекунанд, ки бар асари он як шаҳрванди Олмон маҷрӯҳ шудааст. Хабарнигори нашрияи “Коммерсант” дар Женева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран ному насаби ширкаткунадагон ва шоҳидони ҳодиса ошкор шуданд. Гуфта мешавад, ки Бобоев, Миронов ва бародарон Исмоиловҳо дар мошинҳои гаронбаҳо дар шоҳроҳи Женева-Лозанна сабқат карданд ва дар натиҷа яке аз мошинҳо ба мошини як шаҳрванди бознишастаи олмонӣ бархурдааст. Гуфта мешавад, ки Бобоев – писари як амалдори воломақоми Русия ва ду нафари дигар – фарзандони соҳиби пешини бозори машҳури Черкизово Телман Исмоилов будаанд.
XS
SM
MD
LG