Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидони ҳодиса ба гумонбарон табдил шуданд


Бо гумони даст доштан дар куштори як мард дар минтақаи ҷанубу шарқи Маскав се корманди милиса боздошт шудаанд. Ба иттилоъи Кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия, кормандони милиса Анвар Иброҳимов, Алексей Черников ва Виктор Кузнетсов шоми душанбе дар ҳоли мастӣ ду сокини Абхозистонро ҳадафи лату кӯб қарор доданд, ки дар натиҷа якеи онҳо – Эдуард Гуртская ба ҳалокат расид.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад. Бо амри сарвари раёсати умури дохилаи Маскав ҳарсе гумонбарон аз сафи кормандони милиса хориҷ карда шудаанд. Аз ин пеш хабаргузориҳои Русия навишта буданд, ки дар ин ҳодиса фақат Анвар Иброҳимов даст дорад ва шарикони ӯ ҳамчун шоҳидони ҳодиса бозпурсӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG