Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии кушташудаи рус ба хок супурда шуд


Имрӯз дар Маскав маросими хоксупории рӯҳонии як калисои Маскав Даниил Сисоев баргузор шуд. Вай шаби 19 ноябр бар асари ҳамлаи мусаллаҳона дар дохили калисо ба қатл расид. Дар маросими дафни ӯ ҳудудан ду ҳазор нафар, аз ҷумла исқуфи аъзами калисои ортодокси Русия иштирок карданд. Муфаттишон мегӯянд, ки ба эҳтимоли ғолиб куштори вай ангезаҳои мазҳабӣ доштааст. Сисоев пеш аз марг гуфта буд, ки барои танқидҳои шадидлаҳнаш аз дини ислом пайваста таҳдид мешавад.
XS
SM
MD
LG