Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абтаҳӣ 6 сол ҳукми зиндон гирифт


Додгоҳ собиқ ноиби раисиҷумҳури Эрон Муҳаммадалӣ Абтаҳиро бо ҷурми даст доштан дар ошӯбҳои пасоинтихоботии моҳи июн ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории ИРНО бо нашри ин хабар афзуд, ки Абтаҳӣ то замони бозбинии ҳукмаш тавассути додгоҳи таҷдиди назар дар ивази пардохти пули гарав озод шудааст. Хабаргузории ИСНО навишт, ки маблағи гарав муодили тақрибан 700 000 доллар аст.
Абтаҳӣ аз соли 1997 то 2005 ноиби раисиҷумҳури вақти Эрон Муҳаммади Хотамӣ ва дар интихоботи гузашта аз мушовирони номзади мӯътадил Маҳдии Каррубӣ буд.
Ӯ баъди ошӯбҳои пасоинтихоботӣ боздошт ва ба қасди барандохтани низом айбдор карда шуд. Баъди онки Абтаҳӣ тавассути телевизион бо тавсифи шароити зиндон иттиҳомоти алайҳаш воридшударо эътироф ва аз қасди заъиф сохтани низом изҳори пушаймонӣ кард, бисёриҳо гумон доштанд, ки додгоҳ дар қиболи ӯ ҳукми сабук хоҳад баровард.
XS
SM
MD
LG