Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳрасти наркобаронҳо дар як пойгоҳи иттилоотӣ


Моҳи декабри имсол қарор аст як манбаи умумии иттилоот оид ба қочоқбарони маводи мухаддир ва тоҷирони калони ин бизнеси сиёҳ дар қаламрави кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ таҳияву ба истифода дода шавад. Ин хабарро РИА Новости аз қавли мақомоти рус нашр кардааст. Вуҷуди чунин як пойгоҳи муштараки иттилоотӣ барои табодули билофосилаи маълумот оид ба дастандаркорони тиҷорати сиёҳи маводи мухаддир мусоидат хоҳад кард. Ба узвияти ин паймон Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомил ҳастанд.
XS
SM
MD
LG