Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни интихоботи Ироқро вето карданд


Тариқ Ҳошимӣ - муовини суннимазҳаби раиси ҷумҳури Ироқ, бахше аз бандҳои қонуни интихоботро вето гузошт, ки баргузории интихоботи умумӣ дар моҳи январро таҳти суол мебарад. Тариқ Ҳошимӣ гуфтааст, ки ба он хотир тарҳи Қонуни интихоботро напазируфт, ки дар он барои ироқиёни хориҷи кишвар курсиҳои кофӣ пешбинӣ нашудааст. Аксари ин ироқиён суннимазҳабоне мебошанд, ки бинобар муноқишаҳои байнимазҳабӣ аз Ироқ фирор кардаанд. Порлумони Ироқ пас аз ҳафтаи баҳсҳои пуршиддат бар сари тарҳи мазкур ба созиш расид. Бар асоси қонун, интихоботи умумӣ дар Ироқ бояд рӯзи 18 январ баргузор шавад. Рӯзи сешанбе ҳукумати Курдистони Ироқ таҳдид кард, ки дар сурати барои ин минтақа ҷудо нашудани курсиҳои кофӣ дар порлумон, онҳо интихоботро таҳрим хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG