Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

548 миллион доллар қарзи пахтакоронро мебахшанд


Ҳукумати Тоҷикистон ба ботил кардани қарзҳои то 1 январи соли 2008 ҷамъшудаи хоҷагиҳои пахтакор шурӯъ кардааст. Чанд хоҷагии навоҳии Бохтару Вахш ва Ҷомии вилояти Хатлон алакай аснод дар бораи бахшида шудани қарзҳояшонро дарёфт карда, мушовири раисиҷумҳур Неъматҷон Бӯриев гуфтааст, ки то поёни сол қарзи кӯҳнаи тамоми хоҷагиҳои пахтакор ботил хоҳад шуд.
Ҳукумат дар маҷмӯъ 548 миллион доллар қарзи хоҷагиҳои пахтакорро, ки 435 миллион доллараш марбут ба ширкати “Кредит-Инвест” буд, ботил хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG