Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди СММ ва Амрико аз тасмими Исроил


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дабири кулли Созмони Милал мақомоти Исроилро барои тарҳи навашон ҷиҳати тавсиаи шаҳраксозиҳо дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ танқид карданд. Исроил рӯзи сешанбе тарҳи нави бунёди 900 воҳиди дигари манзилҳои истиқоматӣ дар Байтулмуқаддаси Шарқиро муаррифӣ кард, ки фаластиниён онро аз они худ медонанд. Роберт Гибс - сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ҳукумати Амрико аз тарҳи Исроил барои тавсиаи шаҳраксозиҳо дар маҳалли Гило ба “изтироб” омадааст. Вай афзуд, чунин кор метавонад, аз саргирифтани музокирот миёни Исроилу Фаластиниёнро мушкилтар кунад. Бан Ги Мун - дабири кулли Созмони Милал бо маҳкум кардани тасмими ҳукумати Исроил гуфтааст, чунин коре ҳаракот ба самти сулҳро халалдор намуда ва ҳалли муноқиша аз роҳи таъсиси кишвари мустақили Фаластинро таҳти суол мебарад.
XS
SM
MD
LG