Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи боздиди Обама аз Чин


Барак Обама имрӯз зимни нахустин боздидаш аз Чин ба ҳайси раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, ки аз қабл тайин нашудааст, ки Чину Иёлоти Муттаҳида бояд бо ҳам ихтилоф дошта бошанд. Зимни суханрониаш дар як мулоқот бо донишҷӯён дар шаҳри Шонгҳой вай гуфт, ки ҳама мардум, аз ҷумла шаҳрвандони Чин бояд ҳуқуқи ҳамаҷониба ба озодии баён ва эътиқод, дастрасии озод ба иттилоотро дошта бошанд. Дар идомаи рӯз Обама қарор аст ба Пекин сафар карда дар он ҷо бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао мулоқот кунад. Мақомоти расмии Амрико гуфтанд, ки Обама талош хоҳад кард дар ин сафар бо раҳбарияти Чин равобити наздиктару ҳасана эҷод карда ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, барномаҳои ҳастаии Эрону Кореяи Шимолӣ, мушкилоти марбут ба тағйироти иқлим ва инчунин вазъи ҳуқуқи башар дар Чинро ба баррасӣ гузорад.
XS
SM
MD
LG