Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти бӯҳрони ғизо дар Рум шурӯъ шуд


Нишасте, ки бо ҳадафи кӯмак ба садҳо миллион мардуми гурусна дар ҷаҳон ташкил шудааст, имрӯз дар Рум, пойтахти Итолиё шурӯъ ба кор кард. Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори Созмони ҷаҳонии ғизо ташкил шудааст, ҳудудан 60 раҳбари ҷаҳон, вазирони кишоварзӣ ва мақомоти дигари баландпоя гирди ҳам омадаанд. Вале Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё танҳо раҳбари узви ҳаштгонаи кишварҳои саноатии ҷаҳон аст, ки дар ин нишаст ҳузур дорад. Зимни суханрониаш дар оғози ҳамоиш дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки бӯҳрони имрӯзаи ғизо барои фардо чун занги ҳушдор хизмат мекунад. Вай афзуд, ки солҳои охир бар асари бӯҳрони иқтисодӣ шумори мардуми гурусна дар ҷаҳон “бераҳмона афзун мешавад”. Бино ба арзёбиҳои ин созмон, эҳтимол дорад то охири соли ҷорӣ шумори ниёзмандони ғизо дар саросари сайёра боз 100 миллион нафaр афзуда аз марзи як миллиард инсон ҳам гузарад.
XS
SM
MD
LG