Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии ИМА ва Русия барои имзои созиши коҳиши силоҳ


Раҳбарони ИМА ва Русия изҳори умедворӣ карданд, ки моҳи декабри соли равон созиши нав оид ба коҳиши силоҳи стратегиро имзо хоҳанд кард. Барак Обама ва Дмитрий Медведев ин мавзӯъро ҳангоми мулоқот дар Сингапур, дар чаҳорчӯби нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором, баҳсу баррасӣ карданд.Баъд аз ин мулоқот Дмитрий Медведев изҳор намуд, ки қабл аз имзои созиш бояд чанд мушкили техникӣ ва сиёсии миёни ду кишвар ҳаллу фасл шавад.
Сарони ИМА ва Русия дар робита ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва мавзӯъҳои доғи байнулмилалӣ ҳам гуфтугӯ доштанд. Онҳо аз ҷумла, аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки Эрон дар ироаи посух ба пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаии кишвар коҳилӣ мекунад. Панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон пешниҳод кардаанд, ки ураниуми Эрон дар ду кишвар - Русия ва Фаронса ғанӣ сохта ва барои истифода ба Эрон баргардонида шавад. Ба ин васила кишварҳои олам мехоҳанд, ки аз идомаи ғанисозии ураниум дар худи Эрон ҷилавгирӣ кунанд. Аз нигоҳи мутахассисон, Теҳрон мехоҳад тавассути ғанисозии уранум ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.
XS
SM
MD
LG