Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Олмон вориди Кобул шуд


Имрӯз вазири дифои Олмон бо як сафари ғайримунтазира вориди Кобул шуд. Карл-Теодор Тсу Гуттенберг, ки моҳи гузашта ба ин мақом баргузида шуд, ният дорад дар ин сафар бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай, генерали нирӯҳои амрикоӣ ва фармондеҳи артиши НАТО дар ин кишвар Стенли МакКристал мулоқот анҷом диҳад. Ҳамчунин қарор аст вай бо сарбозони олмонӣ, ки дар ин кишвари ҷангзада хизмат мекунанд, дидор кунад. Олмон дорои беш аз чор ҳазор нирӯ дар Афғонистон аст. Дар маҷмӯъ баъди шурӯи мубориза бо шӯришиён дар ин кишвар ҳашт соли пеш Олмон 36 сарбози худро аз даст додааст. Пурсишҳои афкори умум ҳокист, ки аксар сокинони Олмон мухолифи ширкати низомии артиши кишварашон дар амалиёти Афғонистон мебошанд. Зимни суханронии инҳафтаинааш дар парлумони кишвар Гуттенберг гуфт, ки Олмон бояд дар бораи он чи ки дар Афғонистон мегузарад, “тавре ҳаст” огоҳонида шавад.
XS
SM
MD
LG