Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел хостори "стротежии интиқолӣ" шуд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел хостори “як стротежии интиқолӣ” дар қиболи Афғонистон шуд, ки ба нирӯҳои афғон вогузор кардани масъулияти таъмини амнияти он кишварро ба ҳадаф дошта бошад. Хонум Меркел имрӯз дар пайи даст ёфтанаш ба давраи дуввуми чорсолаи раҳбарӣ дар интихоботи моҳи сентябр барои нахустин бор дар парлумон суханронӣ кард.
Олмон феълан дар Афғонистон беш аз 4000 сарбоз дорад, вале ҳузури ин нирӯҳо дар Афғонистон феълан дар миёни ҷомиа чандон истиқбол намешавад. Меркел гуфт, Афғонистон ба раҳбарии хуби давлат, тақвияи нирӯҳои амниятӣ ва рушди бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG