Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 ёдгории Тоҷикистон - дар феҳрасти ЮНЕСКО


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги СММ, 8 ёдгории таърихии ин кишварро ба феҳрасти муқаддамотии ёдгориҳои нодири ҷаҳонӣ ворид кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим дар ҷаласаи ахири минтақавиии ЮНЕСКО дар Чин гирифта шуда, бар асоси он, ёдгориҳои таърихии Тахти Сангин, Қалъаи Ямгун, дайри буддоии Аҷинатеппа, Саразм ва қалъаҳои Ҳисору Ҳулбук ва Хоҷамашҳад ба феҳрасти муқаддамотии ЮНЕСКО шомил шудаанд.
Тоҷикистон чанд сол боз талош дошт, 10 ёдгории таърихиашро ба феҳрасти ин созмон ворид кунад.
XS
SM
MD
LG