Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавзеъи барқ дар Тоҷикистон расман маҳдуд шуд


Раиси ширкати “Барқи Тоҷик” Санъат Раҳимов имрӯз ба фармоне имзо гузошт, ки дар бораи расман ҷорӣ шудани маҳдудият дар амри тавзеъи нирӯи барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон хабар медиҳад. Тибқи ин қарор, нирӯи барқ ба рустоҳо аз ин ба баъд на камтар аз 7 соат дар шабонарӯз дода хоҳад шуд.
Маҳдудият дар роҳи тавзеъи нирӯи барқ дар Тоҷикистон як рӯз баъд аз садамаи фаннӣ дар шабакоти интиқоли нирӯи барқи кишвар, ки пойтахт, Душанберо рӯзи 9 ноябр барои 3 соат аз нирӯи барқ маҳрум кард, сурат гирифт.
Гуфта шудааст, ки маҳдудияти ҷоришуда ба низоми кори макотиб таъсири манфие нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG