Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама:Вазъи сиёсии Эрон созишро мушкил сохтааст


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, раҳбарони Эрон шояд "зарангии кофии сиёсӣ" надоранд, то дар мавриди пешниҳод дар бораи ғанисозии сухти ҳастаӣ тасмим бигиранд. Теҳрон бояд бо кишварҳои бузурги ҷаҳон дар ин маврид ба тавофуқ расад. Дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерз Обама гуфтааст, бо вуҷуди ин ки то ҳол Теҳрон ба пешниҳодҳои ҳастаӣ посухи мусбат надодааст, вале Амрико дар ҳамкорӣ бо маҳофили байналмиллалӣ аз вазъ хуб огаҳӣ дорад. Обама гуфт, Амрико як ҷо бо Русияву Чин, Олмону Британия ва Фаронса ба Эрон пешниҳоди одилона кардаанд ва ин пешниҳодҳо ба Эрон иҷоза медиҳад, ки барномаҳои ҳастаии ғайринизомии худро иҷро кунад. Дар чунин ҳолат шакку тардидҳои байналмиллалӣ аз ин ки Эрон пинҳонӣ аслиҳаи ҳастаӣ месозад, аз миён меравад. Пешниҳоди Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии СММ, ки моҳи октябр садо дод, аз Эрон тақозо мекунад, ки 75 дарсади хокаи урани худро барои ғанисозӣ ба Русия интиқол диҳад. Сипас он аз Русия ба Фаронса фиристода мешавад ва урани ғанишуда дар Фаронса ба сухти ҳастаӣ табдил меёбад ва ба Эрон барои истифода дар реакторҳои ҳастаӣ бармегардад.
XS
SM
MD
LG