Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон амрикоиҳоро ба ҷосусӣ муттаҳам кард


Эрон се нафар аз шаҳрвандони Амрикоро ба ҷосусӣ муттаҳам кардааст. Хабаргузории расмии “ИРНА” аз қавли Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ - додситони Теҳрон, навиштааст, таҳқиқи парвандаи ин се нафар идома дорад, ки ҳарсеашонро марзбонони эронӣ 31 июл дар наздикии марзи Эрону Ироқ боздошт карданд. Ҳукумати Амрико ва хонаводаҳои ин се нафар мегӯянд, онҳо ҳангоми саёҳат дар минтақаҳои марзии Ироқ роҳгум зада ва тасодуфан вориди қаламрави Эрон шудаанд. Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико дар шаҳри Берлин гуфтааст, “ягон далеле барои исботи ҳеҷгуна иттиҳомот вуҷуд надорад.”
XS
SM
MD
LG