Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили солгарди фурӯпошии Девори Берлин


Раҳбарони пешин ва ҳозираи кишварҳои ҷаҳон имрӯз ба садҳо ҳазор нафар дар Олмон мепайванданд, ки 20 –умин солгарди фурӯпошии девори Берлинро таҷлил хоҳанд кард. Дар 20 соли пеш, дар миёни мавҷи инқилобҳое, ки Аврупои Шарқиро фаро гирифт, мақомоти Олмони Шарқӣ ба дунболи тазоҳуроти мудавоми мардум, шоми 9 ноябри соли 1989 марзи байни Берлини Шарқӣ ва Берлини Ғарбиро боз карданд. Михаил Горбачёв – охири раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравии собиқ, Лех Валеса – раҳбари ҳаракати зиддикоммунистии Лаҳистон, бо дигар раҳбарони замони хотимаи даврони коммунизм дар таҷлили солгарди фурӯпошии Девори Берлин дар назди дарвозаи Бранденбурги ин шаҳр ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG