Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Абдуллоҳ аз машрӯъияти давлати Карзай


Абдуллоҳи Абдуллоҳ, рақиби президент Ҳомиди Карзай дар интихоботи ахири Афғонистон, гуфтааст, давлати Карзай ба кишвар машрӯъият оварда наметавонад ва олуда ба фасод аст. Абдуллоҳ тасмими куммиссиюни интихобот дар бораи баранда эълон кардани Карзайро “орӣ аз заминаи ҳуқуқӣ” номида, гуфтааст, “давлате, ки машрӯъияти кофӣ надорад, наметавонад алайҳи фасод набард кунад.”
Куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ду рӯз пеш дар пайи аз ширкат дар даври дуввуми раъйгирӣ даст кашидани танҳо рақиби боқимондаи Ҳомиди Карзай – Абдуллоҳи Абдуллоҳ даври дуввуми интихоботро лағв ва Карзайро баранда эълон кард.
Доктор Абдуллоҳ гуфтааст, дар ҳукумати фарогире, ки таъсисашро Ҳомиди Карзай ваъда додааст, шомил нахоҳад шуд.
Сухангӯи давлати Афғонистон Сиёмак Ҳиравӣ, дар ҳамин ҳол, ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, давлати нави Карзай дар зарфи 3 ҳафтаи оянда ташкил шуда, афроди ҳирфаӣ ва бархе аз вазирони кунуниро дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG