Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи куштори тоҷир Калманович дар Маскав


Мақомоти ҳифзи тартиботи Русия куштори тоҷир Шабтай Калманович дар маркази шаҳри Маскавро таҳқиқ мекунанд. Шоми душанбе мошини тоҷир ҳадафи тирборон қарор гирифт ва бар асари ин Калманович кушта шуда, ронандаи ӯ ҷарооҳати сангин бардошт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, гурӯҳи тафтишотӣ айни ҳол ба таҳқиқи чанд фарзия, аз ҷумла, ба фарзияи куштор бар пояи фаъолияти кории Калманович пардохтааст. Шабтай Калманович, шаҳрванди Русия ва Исроил, ба тиҷорат дар бахши бунёди манзил ва савдо машғул буд. Ӯ ҳамчунин сафарҳои ҳунарии ситораҳои мусиқиву кино, аз ҷумла, Майкл Ҷексон, Том Ҷонс, Лайза Минеллӣ ва дигаронро ба Русия ташкил карда буд.Калманович ҳамчунин раиси тими занонаи баскетболи “Спартак” буд.
XS
SM
MD
LG