Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори арзёбии фаннии муомилааш бо СММ аст


Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, ки Эрон хостори арзёбии фаннии муомилаест, ки Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ба хотири ҳалли баҳси ҳастаии Эрон пешниҳод кардааст. Тибқи ин тарҳ, Эрон бояд бахши аъзами захираи ураниуми андак ғайнишудаашро барои ғанисозии бештар ва тавлиди маводи сӯхт ба Русия бифиристад, ки имконоти Эрон барои сохтани силоҳҳои ҳастаиро маҳдуд хоҳад кард. Муттакӣ зимни боздидаш аз Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия ҳамчунин гуфт, Эрон қасд дорад ғанисозии ураниумро ба хотири тавлиди маводи сӯхти лозим барои нирӯгоҳҳои ҳастаияш идома диҳад.
Мутаккӣ гуфт, ки Эрон дар дархости ду рӯз пешаш ба Ожонси ҳастаӣ таъсиси як куммиссиюни фаннӣ ба манзури арзёбии муомилаи пешниҳодшударо тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG