Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Гейтнер аз пойинравии сатҳи бекорӣ дар ИМА


Вазири молияи Амрико Тимоти Гейтнер изҳори умедворӣ кард, ки аввалҳои соли оянда сатҳи бекорӣ дар кишвар пойин хохад рафт. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизиони NBC ӯ эълом дошт, ки ба ақидаи иқтисоддонхо, дар се моҳи аввали соли оянда афзоиши ҷойҳои кории нав мушоҳида хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки айни замон сатҳи бекорӣ дар Амрико даҳ дар садро ташкил медихад.
Мақомоти ИМА мегӯянд, ки сатҳи бекорӣ шояд аз ин ҳам баландтар мебуд, аммо бино ба омори ҳафтаи гузашта интишоршуда, тарҳи наҷоти иқтисодии раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дастикам 1 миллион ҷойҳои кориро ҳифз кардааст ва ё барои таьсиси ҷойҳои кории нав мусоидат намудааст.
XS
SM
MD
LG