Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон содироти орду гандумро мамнуъ кард


Ҳукумати Тоҷикистон содироти орду гандумро комилан мамнуъ эълон кард. Дар ин бора вазорати кишоварзии Тоҷикистон изҳороте пахш кардааст. Дар робита бо ин масъала ба ниҳодҳои марзбониву гумруки кишвар дастур дода шудааст, ки аз қочоқи ин мавод пешгирӣ кунанд. Дар изҳорот омадааст, солона ниёзмандии Тоҷикистон ба орду гандум 1,3 миллион тонро ташкил медиҳад. 50 дарсади он дар дохил таҳия мешавад ва боқимондаро Тоҷикистон аз берун ворид мекунад. Дар давоми як сол нархи орду гандум дар бозорҳои Тоҷикистон ду баробар боло рафт. Сабаби он боло рафтани нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, қочоқи ин мавод ва содироти ғайриқонунии орду гандум аз кишвар будааст. Ҳадаф аз тасмими кунунии ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи бозорҳои дохилӣ арзёбӣ шудааст. Бино ба маълумоти ФАО ё Созмони ғизо ва кишоварзии СММ тоҷикистон дорои 7 миллион нафар аҳолист ва дар феҳристи 22 кишваре ҷой гирифтааст, ки ба сабаи боло рафтани нархҳо ва камбуди ғизо ба онҳо гуруснагӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG