Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EBRD расман саҳомдори "Агроинвестбонк" шуд


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ду рӯз пеш бо пардохти 50 миллион сомонӣ, муодили 11,5 миллион доллар расман 25 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк”, аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистонро ба даст овард.
Маблағгузории Бонки Аврупо ҷамъи сармояи “Агроинвестбонк”-ро ба 178 миллион сомонӣ расонд. Қарордод дар мавриди ба Бонки аврупоии бозсохт ва рушд фурӯхтани 25 дарсади саҳмияҳои ин бонки Тоҷикистон ҳанӯз дар таърихи 12 августи соли ҷорӣ имзо шуда буд.
XS
SM
MD
LG