Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи қонуни афв ба таъхир гузошта шуд


Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, баррасии тарҳи қонуни афвро то 2 ноябр ба таъхир гузошт. Раиси Маҷлис Сайдулло Хайруллоев гуфт, тарҳи қонуни афв то як ҳафтаи дигар дар кумитаҳои парлумон мавриди омӯзиши амиқтар қарор хоҳад гирифт. Интизор меравад, қонуни нави афв, ки ба шарафи солгарди 15-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон ва Соли Имоми Аъзам таҳия шудааст, то 10 000 маҳбусро фаро бигирад. Бар асоси қонуни афви қаблӣ дар соли 2007 6731 нафар аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Ҷамъи маҳбусин дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди 11 000 нафар рақам зада мешавад.
XS
SM
MD
LG