Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини қирғиз даст ба гуруснанишинӣ заданд


Ҷонибдорони раҳбари мухолифини қирғиз Алмосбек Отамбоев, ки дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳ дошта мешаванд, даст ба гуруснанишинӣ заданд. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, онҳо ба ин васила ба системи додгоҳии Қирғизистон изҳори беэътимодӣ мекунанд. Мақомоти кишвар ин афродро дар ташкили бенизомиҳои рӯзи 23 июл, рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, айбдор мехонанд. Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи чанд узви аҳзоби мухолифи ҳукумат моҳи сентябр шурӯъ шуда буд ва аммо баъдан бо талаби вакилони мудофеъ мавқуф гузошта шуд. Вакилони мудофеъ эълом доштанд, ки ба ҳайати додрасҳо эътимод надоранд ва ин ҳайат бояд тағйир дода шавад. Боздоштшудаҳо мегӯянд, ки парвандаи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG