Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлидоти ТАЛКО имсол 12 дарсад коҳиш ёфтааст


Вазири тозатаъйиншудаи иқтисоди Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев гуфт, тавлидоти алюминиуми аввалия аз ҷониби ширкати ТАЛКО дар 9 моҳи аввали соли равон қариб 12 дарсад коҳиш ёфта, ҳамагӣ 265 000 тоннаро ташкил додааст. Тайи ҳамин давраи соли гузашта ТАЛКО чизе бештар аз 300 000 тонна алюминиум тавлид карда буд.
Оқои Ҳамралиев камбуди барқу газ ва пойин рафтани нархи ҷаҳонии алюминиумро аз омилҳои аслии коҳиши тавлидоти ширкати ТАЛКО номида, гуфтааст, феълан тамойюли боло рафтани нархи алюминиум дар бозорҳои байналмилалӣ мушоҳида мешавад. Ба ҳисоби вазири иқтисод, ТАЛКО то поёни сол то 367 000 тонна алюминиум тавлид хоҳад кард. Соле пеш тавлидоти ин ширкат қариб 400 000 тоннаро ташкил дода буд.
XS
SM
MD
LG