Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни эронӣ озод карда шуданд


Мақомоти Покистон 11 низомии эронии қаблан дар марзи кишвар боздоштшударо раҳо карданд. Як мақом дар ҳукумати вилояти Балуҷистони Покистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки низомиёни покистонӣ ин ҳодисаро тафтиш карданд ва ба натиҷае расиданд, ки эрониҳо иштибоҳан аз марз убур кардаанд. Гуфта мешавад, ки боздоштшудаҳо – узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронанд.
Ин ҳодиса як ҳафта баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари ҳамлаи маргталабона дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон, минтақаи ҳаммарз бо Покистон, дасти кам 40 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилоъи расонаҳои Эрон, дар ин ҳодиса чанд низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҳадди аққал панҷ панҷ фармондеҳ, аз ҷумла ду афсари воломақом - муовини фармондеҳи нерӯҳои пиёданизом генерал Нуралӣ Шуштарӣ ва фармондеҳи Сипоҳ дар вилояти Сиистону Балуҷистон генерал Муҳаммадзода ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG