Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин аломати мусбат аз Теҳрон ба пешниҳоди СММ


Эрон гуфт, ки метавонад бахше аз ураниуми андак ғанисозишудаашро ба манзури ғанисозии бештар ба хориҷ бифиристад ва ё мустақиман маводи сӯхти ҳастаӣ бихарад.
Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ ба хабаргузории расмии ИРНО гуфт, Эрон рӯи пешниҳоди СММ фикр мекунад. Ожонси назорати нирӯи ҳастаии СММ ба Теҳрон пешниҳод кард, ураниуми андак ғанисозишудаашро ба манзури тавлиди маводи сӯхт ба Русияву Фаронса бидиҳад. Муттакӣ гуфт, Теҳрон посухаш ба ин пешниҳодро рӯзҳои наздик эълон хоҳад кард.
Ин сӯҳбати Муттакӣ дар ҳолест, ки як ҳайъати нозирони Ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ ахиран назорати корхонаи дуввуми ғанисозии ураниуми Эронро дар наздикии шаҳри Қум анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG