Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Афғонистон тазоҳуротро пароканда кард


Дирӯз пулиси Афғонистон дар Кобул ба хотири пароканда кардани тазоҳуроти ҳазорон нафар, ки алайҳи таҳқири китоби муқаддаси Қуръон аз ҷониби нирӯҳои хориҷӣ эътироз мекарданд, аз силоҳ истифода бурд. Эътирозгарон иддао мекарданд, ки сарбозони хориҷӣ дар ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як амалиёт дар минтақаи Майдони вилояти Вардак нусхае аз китоби Қуръонро оташ задаанд.
Эътирозгарон дирӯз ҳаракати нақлиётро дар Кобул барои беш аз як соат масдуд карданд.
Сухангӯи нирӯҳои Амрикову НАТО гуфт, касе аз нирӯҳои онҳо даст дар чунин амал надорад ва ин ҷангиёни толибанд, ки чунин овозаҳои бардурӯғро паҳн мекунанд.
XS
SM
MD
LG