Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як мухолифи ингуш кушта шуд


Афроди ношиноси мусаллаҳ дирӯз дар ҷумҳурии Ингушистони Русия Макшариф Аушев, як фаъоли мухолифинро куштаанд. Аушев вақте кушта шуд, ки афроди мусаллаҳ аз як мошини дигар мошини ҳомили ӯро ҳадафи тирборон қарор доданд. Зане, ки ҳамроҳи Макшариф Аушев сафар мекард, низ бар асари ин ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардоштааст.
Татяна Локшина, муовини мудири созмони Human Rights Watch, гуфт, “қатли нав фазои беқонунӣ дар Қафқози шимолиро бо сароҳат ба намоиш мегузорад.”
Қатли Макшариф Аушев дар пайи қатли фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар Наталя Эстемирова аст, ки ҷасади тирхӯрдаи ӯро моҳи июл аз Ингушистон пайдо карданд. Дар моҳи август Зарема Саъдуллоева, боз як ҳомии ҳуқуқи башар дар Чеченистон, ҳамроҳ бо шавҳараш рабуда ва кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG