Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП ба Белорус $ 700 миллион кӯмак мекунад


Сандуқи Байналмиллалии Пул эълон кард, ки 700 миллион доллар барои кӯмаки иқтисодӣ ба Белорус медиҳад. Бо ин маблағ акнун кӯмакҳои ин муассисаи молии ҷаҳон ба Белорус дар давраи бӯҳрони саросарии молӣ ба 2,23 миллиард доллар мерасад. Мақомоти Сандуқи Байналмиллалии Пул мегӯянд, ин кӯмак дар ҳоле ба Белорус ихтисос дода шудааст, ки ин кишвар дар посух ба бӯҳрони саросарии молӣ пешрафтҳои хуб доштааст. Бо вуҷуди коҳиши содирот Белорус дар муқоиса бо кишварҳои дигари осебдида барои муқобила бо бӯҳрони молӣ роҳҳои навро пеш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG