Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай даври дуюми интихоботро истиқбол кард


Афғонистон даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳуриашро дар таърихи 7 ноябри соли ҷорӣ баргузор мекунад, гуфт сухангӯи Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон Нурмуҳаммад Нур дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон бо пуштибонӣ аз ин тасмим гуфт, ки ин як қадам ба пеш дар равандҳои демократии ин кишвар мебошад.
Дар даври дуюми интихобот Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ вориди рақобат хоҳанд шуд. Изҳороти мазкур як рӯз баъд аз эълони натиҷаҳои гузориши Комиссиюни шикоятҳои СММ садо дод, ки гуфт, дар интихоботи рӯзи 20 августи имсол дар 210 ҳавзаи интихоботӣ тақаллуби фаровон ба назар расида ҳамаи баргаҳои раъйи ин ҳавзаҳо бекор дониста шуданд. Бар тибқи натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ, ки қаблан эълон шуда буд, Ҳомиди Карзай 55 дар сади овозҳо ва рақиби аслии вай Абдуллоҳ Абдуллоҳ 28 фоизро дар интихобот ба худ ихтисос додааст.
Ҳомиди Карзай дар ҷараёни нишасти матбуотие дар Кобул имрӯз гуфт, ки вай натиҷаҳои таҳқиқоти Комиссиюни шикоятҳои интихоботиро қабул дорад. Вай гуфт, ки тасмими баргузории даври дуюми интихобот қонунӣ ва аз рӯи конститсия буда “қадаме пеш” дар равандҳои демократии Афғонистон хоҳад буд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар даври дуюми интихобот ҳузури бештари раъйдиҳандагон назар ба даври аввал эҳсос хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG