Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орбакайтеву Байсаров созиш карданд


РИА Новости хабар медиҳад, ки овозхони рус Кристина Орбакайте ва соҳибкори чечентабор Руслан Байрасон, ки барои писарашон Денӣ ихтилофҳои додгоҳӣ доштанд, як қарордоди оштиро ба имзо расонданд. Акнун фарзанди муштараки онҳо бояд худаш тасмим гирад, ки бояд бо падар ё модараш зиндагиро идома диҳад. Рӯзи сешанбе дар ин бора як қозии додгоҳи олии Чеченистон хабар дод, ки мебоист шикояти Кристина Орабакайтеро дар заминаи худсарии падари фарзандаш барои нигаҳ доштани Денӣ дар назди худ баррасӣ мекард. Қозӣ гуфт, ки созиши оштии ҳосилшуда мегӯяд, ки “акнун кӯдак ҳақ дорад худ интихоб кунад, ки дилаш мехоҳад бо кадоме аз волидонаш зиндагӣ кунад”. Қарор шуд, ки дар марҳилаи тарки Маскав кардани модар Денӣ бо падараш ва дар набудани Байсаров кӯдак бояд бо Орбакайте бошад.
XS
SM
MD
LG