Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ботканд 4 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд


Тибқи иттилоъи хабаргузориҳо, дар анклави Ворух дар қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистон 4 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Хабаргузориҳо ба нақл аз хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ин 4 нафар аз бархурди мусаллаҳона бо марзбонони Қирғизистон паноҳ бурда будаанд. Баъд аз ду рӯзи ҷуcтуҷӯ марзбонони қирғиз гуфтанд, ки изи пои ин гурӯҳи мусаллаҳ ба ба анклави Ворухи Тоҷикистон мебарад. Дар Қирғизистон барои ҷустуҷӯи ин гурӯҳ зери раҳбарии Расулбердӣ Раҳимбердиев-муовини вазири умури дохилаи ин кишвар ситоди фаврӣ ташкил шуд. Ҳамзамон дар қаламрави Тоҷикистон нируҳои вазорати дохила дар ноҳияи Исфара амалиёти ҷустуҷӯ анҷом доданд. Қабл аз хабари боздошти гурӯҳи 4 нафарӣ дар Қирғизистон нируҳои интизомии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар Исфара 4 нафар тундрав кушта ва як нафари онҳо боздошт шудааст. То ҳол эълон нашудааст, ки афроди кушташуда дар Тоҷикистон ва афроди боздоштшуда дар Қирғизистон аъзои як гурӯҳанд ё муттаалиқ ба гуруӯҳҳои мухталиф.
XS
SM
MD
LG