Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ нашр шуд


Комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ, ки бо пуштибонии СММ амал мекунад, имрӯз гузориши худро дар заминаи иттиҳомоти тақаллуб ҳангоми раъйдиҳӣ нашр карда гуфт, ки дар интихобот аз ҳар як номзад дарсади муайяни овозҳо ҳазф шудааст. Ин комиссиюн мегӯяд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба комиссиюни мустақили интихоботӣ бо амри ноқис шумурдани дарсади муайяни баргаҳои раъйдиҳӣ ироа хоҳад кард. Гузориши мазкур ду моҳ баъди анҷоми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон нашр шуд, ки дар тақаллуби фаровон муттаҳам шудааст. Дар сурате, ки комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ бигӯяд, ки шумори раъйҳои тақаллубӣ зери 50 дар сад аст, даври дуюми интихобот эълон мешавад ва дар ин давра Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG