Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3800 кас имсол табдили ном карданд


Вазири адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров имрӯз гуфт, ки соли ҷорӣ наздики 3800 шаҳрванди Тоҷикистон ном ва исми падарии худро табдил кардаанд. Қисмати зиёди ин номҳо ба шакли миллӣ иваз шудааст. Баъди як ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2007 барои аз исми падариаш ҳазв шудани пасванди русии “-ов” бархе мақомоти баландпоя ва сокинони зиёди Тоҷикистон исми худу фарзандонашонро ба шакли миллӣ табдил карданд. Эмомалӣ Раҳмон бо эълони ин тасмим он вақт ба сокинони Тоҷикистон ҳам тавсия дода буд, ки номҳои тифлони навзоди худро ба тарзи суннатӣ номгузорӣ кунанд. Аз иқдоми раиси ҷумҳурӣ он вақт вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири савдову тиҷорат Ғуломҷон Бобозода, раисони собиқ ва имрӯзаи Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардону Шариф Раҳимзода ва дигарон пайравӣ карданд.
XS
SM
MD
LG