Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия 500 сарбози дигар ба Афғонистон мефиристад


Гордон Браун-нахуствазири Британия розӣ шуд, ки "усулан" 500 нафар нируи дигар ба Афғонистон бифиристад, агар шартҳои калидӣ иҷро шавад. Ҳоло бештар аз 9 000 нафар нируҳои Британия дар Афғонистон мустақаранд, ки аз лиҳози бузургии шумора баъд аз Амрико дуввумин аст. Браун дар порламон гуфт, нируҳои изофиро дар сурате мефиристад, ки муттаҳидони дигари НАТО низ шумораи нируҳояшонро афзоиш диҳанд ва нируҳои Афғонистон бештар омӯзиш дода шаванд. Аммо афзоиши шумораи талафоти ҷонии низомиёни Британия дар Афғонистон норизоятии ҷомеъаро аз ширкати Британия дар муноқишаи Афғонистон афзоиш додааст. Аз замони вуруди нируҳои бйналмиллалӣ ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 то ҳол 221 нафар шаҳрвандони Бритнаия кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG